83138 2-40-07

НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН РАСОНИДА ШУД

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак санаи 29-уми феврали соли 2024 ба маъюбони гурӯҳи якум Солиев Абдусалом сокини  шаҳри Норак нафақаи ҳизбӣ дода шуд.

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр қайд намуданд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.