83138 2-40-07

Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр  миёни хонандагони синфҳои болоӣ  дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак “Соати сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.

Дар Амалиёти “Соати сиёсӣ” омӯзгорони соҳибтаҷрибаи МТМУ-и №2  бо хонандагони синфҳои 11-ум суҳбат гузарониданд.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои зерин доир гардид: Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳамбастаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.