83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ "САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26-уми соли ҷорӣ Аксияи тозагии таҳти унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” доир карда шуд.

Дар Аксияи мазкур кормандони ташкилоти мазкур гирду атрофи бинои ташкилот, ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Зимни корҳои ободонӣ иштирокдорон бехи дарахтони сояафкан ва гулҳои ороиширо нарм карданд.

 Бояд қайд намоем, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” дар шаҳри Норак кормандон  баҳри тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри  худ пайваста чунин корҳои тозагии дастаҷамъонаро ташкилу баргузор менамоянд ва бо ин васила саҳми хешро баҳри ободиву гулгулшукуфоии кишвари азизамон мегузоранд.