83138 2-40-07

Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр миёни хонандагони синфҳои 9-10  дар МТМУ-и №16-и шаҳри Норак “Соати сиёсӣ” доир намуд.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои зерин доир гардид: Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.

Дар Амалиёти “Соати сиёсӣ” Раҷабов Насим мудири  шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТдар шаҳри Норак,  Боев Умедҷон мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  ва омӯзгорони соҳибтаҷриба МТМУ-и №16  иштирок доштанд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳамбастаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.