83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №7- И ДЕҲАИ КИБИЛИ ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи баргузории Соати сиёсӣ аз рӯйи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ" байни волидайни ҷавонони 17-18 сола дар муассисаи таълимии №7- и деҳаи Кибил Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак соати  сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак-Раҳмонов Фирӯз, раиси деҳаи Кибил ва роҳбарияти муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ ,омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии чомеа суханронӣ карда шуданд.

Ҳамзамон оид ба тарбияи чавонон дар рӯҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, иззату эҳтироми омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.