83138 2-40-07

БА ҚАДРИ СУЛҲУ ОРОМИИ ВАТАН РАСИДАН ВАЗИФАИ ҲАР ҶАВОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!

Норак: Андеша  

 "Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст"- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар эътимоди беандоза доранд ва дар шахсияти ҳар яки мо ояндаи миллатро мебинанд. Ба ин хотир, дар мулоқоташон ба муносибати Рӯзи ҷавонон иброз доштанд, ки “Ҷавонони мо ҳамчун ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии Давлату Ҳукумати мамлакат дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошанд”.

Пешвои миллат дар ҳар вохӯриву мулоқоташон ба ҷавонони болаёқат, фарзандони оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор таваҷҷуҳ намуда, кумаки амалии худро мерасонанд. Доимо падарвор насиҳат мекунанд, ки илму дониши замонавӣ, технологияҳои муосир, якчанд забони хориҷиро азхуд намоянд, соҳиби касбу ҳунар гарданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гаштани ҷавонон тамоми шаклҳои муассисаҳои таълимӣ, марказҳои забономӯзӣ, омӯзиши технологияҳои муосир амал мекунанд. Донишҷӯёни фаъолу аълохон ба гирифтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо сазовор мегарданд.

Барои рушди истеъдоду маърифат ва қобилияти инфиродии ҷавонон дар кишвари азизамон озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” амал мекунанд, ки иштирокдорон ва ғолибони зиёди ин озмунҳо ҷавононанд.

Ҳадафи Пешвои миллат аз эълон кардани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” он аст, ки ҷавонон бештар илмҳои дақиқро омӯзанд, ихтироъ ва навовариҳо кунанд, хоҷагии халқи мамлакатро рушд диҳанд, дар таърихи илми муосир саҳифаҳои навро кушоянд.

Сарчашмаи худшиносии ҷавонон аз донистани таъриху арҷгузорӣ ба он ва масъулияти ҳаётиашон аз ибрати ниёгону эҳёи анъанаҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан, илмомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, аз амал кардану таҷриба андӯхтан, аз ҷаҳонбинии солим сарчашма мегирад.Дар шароити кунунӣ масъалаи худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон ба омӯхтану донистани таърихи аҷдодони худ вобастагӣ дорад. Ҳар як ҷавон, агар аз таърихи қавму миллаташ огаҳӣ ёбад, ба аҷдоди номдораш, ба ватанаш, ба забон, дину мазҳаб, фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои бебаҳояш эҳтиром гузораду аз онҳо ифтихор дошта бошад, худшинос маҳсуб меёбад. Пас, ифтихорварзӣ ва арҷгузории аҷдодон аз қавму миллати хеш ва дӯстдорӣ аз макони зисташон буд, ки таърих ва ҳастиашонро то ба имрӯз ҳифз намудаанд.

Дар ниҳоди ҷавонон ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки онҳо аз он огоҳ бошанд, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонанд, зеро надонистани таъриху фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ касро ба вартаи ноогоҳиву бадбахтӣ мебарад.

Масъалаи дигар, ҷангҳои иттилоотии ҷаҳони муосир ва таъсири он ба ҷавонон мебошад. Боиси нигаронист, ки ҷавонони ноогоҳ ва бемаърифат, ононе ки таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, фирефта гардида, ҳаёташонро зери хатар мегузоранд. Дар ин гуна ҳолатҳо ҷавонони худогоҳу худшинос бояд дасти рафиқи роҳгумзадаро бигиранд, то ӯ туъмаи нохалафон нагардад. Душманони кишвари мо бо истифодаи расонаҳои иттилоотии муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ мекӯшанд, ки андешаҳои ғаразноки худро барои ҷавонони кишвар таҳмил намоянд. Дар ин ҳолатҳо ҷавонон бояд бо шукргузорӣ аз Истиқлоли кишвар, аз Сарвари оқилу дурандеш ва ғамхору мададрасон амал кунанд. Барои дарки дурусти роҳи ҳаёт ва дӯстро аз душман фарқ намудан аз хурдӣ малака пайдо кунанд, дар ин ҷода волидон ва насли калонсол бояд роҳнамои эшон бошанд.

Хирадманди бузурги чинӣ Конфутсий гуфтааст: “Фарзанди бегона ҳам фарзанди туст”, пас илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Мо, ҷавонон, низ дар ин масъалаҳо набояд бетараф бошем. Тарбияи насли наврас, бахусус, ҷавононро танҳо бар дӯши мактабу муаллим бор накунем, дар дарсҳои тарбиявии муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ барем, ба фарзанди оилаи бегона, ки ба воқеаҳои нохуш гирифтор шудааст, ё бадрафтор шудааст, ба ҷои муҳокимаҳои беасос, кумаки маънавии худро расонем, насиҳат кунем, ӯро ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намоем. Мо – педагогҳо, хуб медонем, ки яке аз намудҳои тарбия, ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносиву баҳодиҳии оқилона ба хонишу рафтори насли наврас ва ҷавонон мебошад. Ягон ҷавон набояд аз назари волидон ва устодонаш дур монад. Дар муассисаҳои таълимӣ ҷавонон ба таври умумӣ таълиму тарбия мегиранд. Аз ин рӯ, устодон (роҳбарони синф ва кураторони мактабҳои олӣ) -ро лозим аст, ки бештар корҳои инфиродиро ба роҳ монанд.

Нооромиҳои сиёсӣ дар давлати Афғонистон, зиёд шудани амалҳои террористию экстремистӣ дар дунё, ҷангҳои мазҳабию характери динидошта дар давлатҳои исломӣ, сиёсикунонии дини ислом аз тамоми мардуми Тоҷикистон, махсусан, ҷавонон талаб менамояд, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёру зирак бошанд ва фирефтаи суханҳои гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсии тавъам бо номи дини мубини Ислом нашуда, ба сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омада, асоси ҳама хушбахтиҳои мо мебошад, арҷгузориву шукр намуда, онро қадр намоянд.

Бо ифтихормандӣ метавон гуфт, ки тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ исбот гардид, ки ин сиёсат ва роҳи пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан дуруст буда, танҳо манфиати мардумро ҳимоя менамояд ва ҳадафи ниҳоии он таъмини зиндагии шоистаю арзанда барои тамоми сокинони кишвар мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму дониши муосир бошанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунанд.

Зуҳро Ҳакимзода, муовини раиси шаҳри Норак