МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АСИН”-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «АСИН» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Расулов Азимҷон иштирок намуд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «АСИН» оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, фаъолияти минбаъдаи ташкилоти ибтидоиро барои давраҳои минбаъда муайян намуд.

Сипас дар идомаи маҷлис Расулов Азимҷон намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни баромад оиди иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, суҳбат намуданд.