МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024 ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МНДСЭ” –и ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ҳисобот  

ЛЕВАКАНТ: Дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ” –и шаҳри Левакант маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки аъзоёни ҳизб баргузор гардид. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Каниева Низоар иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар маҷлис 3-масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд:

1) Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли 2024

2) Ҷараёни амалисозии нақша- чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии ҲХДТ

3) Масъадлаҳои ҷорӣ

Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ” –Назаров Манучеҳр  ҳисобот дод. Баъди мулоҳизарониҳо нисбати масъалаи якум қарори дахлдор қабул карда шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис гуфта шуд, ки ташкилотии ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати амали намудани нақша-чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии таъсисиёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳар ҳафта аксияи тозагии ҳизби таҳти унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” ва дигар чорабиниҳоро гузаронида истодааст.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Каниева Низора  ба сухан баромада,  ба аъзоёни ташкилоти ибтидои барои пешбурди корашон як чанд тавсияҳо дод. Бо ҳамин маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ” пӯшида эълон гардид.