ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТИ ДАР Ҷ/Д «ВАҲДАТ»

Левакант:  

 Дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Зағертути Ҷ/Д «Ваҳдат» дар МТМУ №10, вохӯрӣ намуда, бори дигар матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз саннаи 9-уми марти соли ҷорӣ бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар ҳайати гурӯҳи корӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, муовинони сардори ШВКД-и шаҳр-подполковник Назарзода Комил ва подполковник Зарифӣ Зафар, мудирони бахши кор бо занон ва оила Халилзода Нуқра, бахши маориф-Раҳимов Файзулло, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад ва дигар фаъолон иштирок дошта, доир ба масъалаҳои доғи рӯз вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат суханронию фаҳмондадиҳӣ карданд.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо ҷиноятҳои гуногун, хурофот, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги мардуми ғайр, одатҳои бад миёни ҷавонон, саркаши аз хизмати Модар-Ватан дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар амалҳои номатлуб ҷомеаро ба ташвиш овардаву ба оромӣ халал ворид мекунад. Аз ин лиҳоз бояд ҳар як шаҳрванди мамлакат зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгири аз ин омилҳои бад дар ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Инчунин таълиму тарбияи дурусти фарзанд, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дигар қонунҳои амалкунанда, омилҳои номатлуби ҷомеа ва дигар масъалаҳои доғи рӯз мавриди матраҳ қарор гирифтанд.