АКСИЯИ ГУЛШИНОНӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
ЛЕВАКАНТ: Ҷиҳати ободу зебо гардонидани гушаю канори шаҳр имрӯз дар назди бинои кумита аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар заминҳои гирду атрофи он аксияи “Гулшинонӣ” баргузор гардид. Кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо меҳнати софдилона гулҳои зебову ороишро, ки тавваҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд, шинониданд. Инчунин зери дарахтонро нарм намуда, гирду атрофи биноро тозаю озода намуданд.