ИДОМАИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КАТС”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Дар  асоси  Нақша - чорабиниҳои  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Левакант, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Имрӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии "КАТС", тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант – Расулов Меҳтоҷалӣ аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи корхона Аксияи мазкур баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтони беморхонаро нарм карда ва ба онҳо об доданд. Инчунин гирду атрофи корхонаро ободу зебо гардониданд.