МО ДАР ТАРБИЯ ҲАМРОҲЕМ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант, дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №3-и шаҳри Левакант, бо иштироки падару модарон рӯзҳои волантиёрӣ ташкил шудааст.

Волидайн ва бобову бибии тарбиятгирандагони муассисаи мазкур, бо навбат дар рӯзҳои волантиёрӣ иштирок намуда, тибқи нақшаи муассиса дар машғулиятҳои мураббияҳо ҳамроҳ мегарданд. Ин иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-ро маъмурияти муассиса хеле хуб ҷорӣ намуда, дар ҳар машғулият волидайни тарбиятгирандагонро ҷалб месозанд.

Ташаббуси мазкур дар муассисаҳои томактабӣ иқдом хеле хубу саривақтӣ буда, робитаи падару модарро ба муассисаҳои томактабӣ қаъвитар мегардонаду сифати таълиму тарбия боз ҳам беҳтар мешавад. Бояд қайд намуд, ки волидони фаъол ва бобову бибиҳое, ки дар рӯзҳои волантиёрӣ таҳти унвони «Мо дар тарбия ҳамроҳем» иштирок ва саҳмгузорӣ менамоянд дар анҷоми сол бо туҳфагузориҳо қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Боиси зикр аст, ки рӯзҳои волантиёрӣ дар ҳамаи муассисаҳои томактабии шаҳри Левакант, гузаронида мешаваду падару модар ва дигар аъзои хонаводаҳои тарбиятгирандагон ҷалб мегарданд.