ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 СОЛИ "МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"

Левакант: Андеша  

 АНДЕША: Барпо намудани муҳиту фазои ором ва осоиштаи ҳаёти ҷомеа, қабл аз ҳама эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонунро тақазо мекунад. Мо бояд эҳтиром кардан ба қонунро омўзем, аз чаҳорчўбаи Конститутсия берун набароем, ки қонуну қонуният мизони воқеии зиндагӣ, пойдевори ҳаёти ҳаррўза ва низоми ҳамешагии давлатдории мо гардад.

Таҷриба собит намуд, ки дар низоми давлатдории навини мо, Паём як навъ алоқамандии мутақобилаи ҳокимият ва ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ба халқ тааллуқ доштани ҳокимият ва дар назди халқ ҳисоботдиҳанда будани ҳокимияти давлатиро ифода мекунад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки зимни ироаи Паём ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд, ин нақш ва мавқеи ҳуқуқ дар давлат, низоми сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд. Президенти мамлакат ин падидаи муҳими сиёсию иҷтимоиро унсур, сарчашма, омил ва роҳу механизми асосии таъмини стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъминкунандаи суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат арзёбӣ намуданд. Воқеан, ҳуқуқ таъмикунандаи адолати иҷтимоӣ дар давлат буда, тавассути он қоидаи рафтори давлат ва мақомоти давлатӣ ҳамчун унсури сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, рафтори ҷомеа ва шахс дар чорчӯбаи муайян муқаррар карда мешавад.

Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муқаррар намудааст, ки тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дар назардошти меъёрҳои ин боб қабулу такмил дода мешаванд. Риоя ва иҷрои муқаррароти боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи онҳо риояву иҷро кардани талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ вобастагӣ дорад.

Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд.

Ҳанӯз моҳи апрели соли 1997 бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии роҳи қонуншиканӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияӣ ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон|" қабул шуда буд.

Аз ҷумла дар паёми имсола ба ин нуқта ишораи возеҳ сурат гирифта, чунин таъкид карда шуд: " Тамоми сохтору мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад сафарбар намоянд.

Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисоди икишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобарин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардани Роҳбари давлат ин бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки мардуми азизи кишвар аз пайи омӯзиши маҳфум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шуда, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд, зеро дар сурати надоштани маърифати ҳуқуқӣ инсон мумкин аст, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ занад. Файласуфи Рими Қадим Ситсерон дуруст қайд намудааст:

" Агар хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош!"

Бобошои Абдусаттор – аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравони Сино”-и шаҳри Левакант.