КОРҲОИ ТАРҒИБОТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Левакант:  
ЛЕВАКАНТ: Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид  гурӯҳи корӣ дар ҳайатӣ,: мудири бахши кор бо занон ва оила Халилзода Н, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ Саидов Ф, ва омӯзгори МТМУ -8 корҳои фаҳмондадиҳиро тибқи усули " Хона ба хона" дар деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти "Гулистон" оиди пешгирии ҷавонон аз омилҳои экстремистию террористӣ, таҳсилотҳои ғайрирасмии динӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, ҷинояткорӣ, худкӯшию худсӯзӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, назорати савияи дониши фарзандон, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монданд.