СУХБАТУ ВОХУРИХО БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА"

Левакант:  
ЛЕВАКАНТ: Гурӯҳи кори дар Ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Гулистон аз ҳисоби котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак Хайруллозода И., сармутахассиси шуьбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Моҳираи А., дар деҳаи вобаста шуда, фаъолияти худро бо усули "хона ба хона" идома дод.
Мавриди зикр аст, ки гурӯҳи кории мазкур бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, ташкил гардидааст.
Гурӯҳи корӣ бо аъзои хонаводаҳо вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз сӯҳбат оростанд. Аз ҷумла, дар хусуси пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таълими ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.