АЗ РАНҶ ГАНҶ БА ДАСТ ОЯД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Дар ҳама фасли сол дар баъзе манотиқи вилояти Хатлон сокинон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, махсусан дар фасли зимистон ба сардиҳо нигоҳ накарда, дар зери плёнкаҳо ва гармхонаҳои хурд ҳама намуди сабзавотро кишт менамоянд. Онҳо ҳар ваҷаб заминро хуб ва самаранок истифода намуда, ба ин васила зиндагии худ ва бозорҳои шаҳру ноҳияҳоро бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ таъмин менамоянд.

Имрӯз сокинони меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант кӯшиш доранд, ки аз ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаашон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оваранд. Онҳо мекӯшанд, ки ба ин роҳ даромади оилавии худро таъмин намуда, баҳри пешрафти рӯзгори худ ҳиссаи арзанда гузоранд.

Сокинони ин ҷамоат суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк намуданд ва аз он истифода намуда истодаанд.

Сокинони ин ҷамоат дар замини наздиҳавлигии худ кишти ҳама гуна сабзавотро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла: шалғамча, бодирингро, ки алакай ҳосили аввали ононро гундори менамоянд. Миқдори лозимаро барои худ нигоҳ дошта, боқимондаашро ба бозор мебарорад.

Ҳангоми суҳбат аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  бо ин маруми меҳнатдӯст пай бурда шуд, ки баъди ғунучини полезиҳои расида, кишти помидору карам ва дигар анвои сабзавотро ба роҳ мемонанд.

Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминро бозгӯ мекунад. Бо зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои хурду миёнаи наздиҳавлигӣ дар фасли зимистон бозорҳои вилоят бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мегарданд.