ҲУРМАТИ ЗАБОН ИЗЗАТИ МОДАР ВА ВАТАН АСТ.

Левакант: Андеша  
 АНДЕША: Пеш аз ҳама ҷавонини мо даврони истиқлолият шукрона аз он мекунем, ки Ватани азизи мо ба номи Точикистон пас аз оне, ки соҳибистиқлол шудем, якчанд комёбиҳои каллонро ноил гаштем. Гуфтан бо маврид ҳаст, ки яке аз ин комёбиҳои назаррас барои мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол он ҳаст, ки мо имкони гуфтори озодро бо забони модарӣ худамонро ба даст овардем. Дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ба мақоме, ки дар замони гузашта алалхусус дар замони Сомониён дошт, бори дигар расид. Агар ба таърихи 31-соли истиқлолияти бадастовардаи Ватан назар афканем оиди густариши забонамон чораву тадбирҳои ҳукуматро ба андозае зиёд мебинем, ки мислаш дар тӯли зиёда аз ҳазор сол ба назар нарасида буд. Забони модарӣ аз ҷумлаи забонҳои комил ва пурқудрат аст, ки ҳастии тоҷиконро чун миллати сарбаланду мутамаддин нишон медиҳад. Осори ниёгон, хусусан, рисолаи фарҳангӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ тибқи забон иншо гардида, ба ниҳонхонаи таърих дохил мешаванд ва ҳазорсолаҳо боз барои рушду равнақ ва тараққии ҷомеа хизмат менамоянд. Меҳру муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи ватандӯстӣ аст гуем хато намекунем ва шахсе, ки забонро поймол мекунаду ба он ҳурмат надорад ва нисбат ба он дағалӣ ё ба лаҳҷаи дигар бепарвоги карда наомӯхтааст, ба халқу Ватан эҳтиром надорад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Донистани забони модарӣ, эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни ақлии худ бояд забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш диҳад ва аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Дар он лиҳоз мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем». Гуфтан бо маврид ҳаст,ки забони тоҷикӣ дар қарнҳои гузашта шуҳрати оламгир доштааст, аммо мутаъсифона то давроне,ки соҳибистиқлол шудем, забон каме қиммати худро гум карда буд. Ва хушбахтона бо овардани истиқлолият, сулҳу суббот мо тавонистем боз забони модариямонро густариш диҳем. Гуфтан бо маврид ҳаст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ имрӯз ба ҷаҳониён дар сатҳи баланд муаррифӣ мешавад. Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Аврупо, мамолики Араб, Туркия ва ғайра асолату шириниҳои маҳз лафзи тоҷикиро ба самъи оламиён мерасонад. Ин боис шудааст, ки майлу рағбати хориҷиён ба омӯхтану донистани забони тоҷикӣ зиёд шавад. Ҳоло забони тоҷикӣ на фақат дар чандин донишгоҳи Амрико, Олмон ва дигар кишварҳо таълим дода мешавад, балки дар марказҳое, ки дар назди мактабҳои олии шаҳри Душанбе ва ташкилоту созмонҳо фаъолият менамоянд, низ омӯхта мешавад. Имрӯз ҳукмат, ки роҳбари он Муҳтарам Ҷаноби Олӣ мебошад ва дар ҳақиқат шахси хело дурандеш ва таҳлилгар мебоошад, ки имрӯз дар якҷояги бо муарихону, донишмандон ва забоншиносони Ватанамон бар он ақидаанд ва бовар доранд, ки мо насли наврас ва ҷавонон, ки онҳо моро ояндаи миллат медонанд, забон миллӣ, яъне забони модарӣ худамонро дар ояда поку ягона нигоҳ медорем. Дар навбати худ мо ҷавонон ваъда медиҳем,ки ин сайу кушиш ва дастгириҳои давлатро ҳаргиз фаромуш намекунем ва бовар мекунонем, ки мо ҳимоятгари натанҳо забон боз ҳимоятгари Ватану миллат ва марзу буми худ мешавем, то ки ҳар порчаи Ватан, модар ва забонро ҳимоятгар бошем.
Расулов Меҳтоҷалӣ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант