ҲАР ЯК ВАҶАБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГИРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Имрӯз, бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаҳои деҳаи Боҳтуробод-1-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, аз ҳар як оила дидан карда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида баромаданд.

Масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ зимни суҳбат бо сокини қайд намуданд, ки тавре, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва самаранок истифода бурдани ҳар як порча заминҳои наздиҳавлигӣ ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2024 таъмин намоянд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳар як сокини ҷумҳуриро зарур аст, ки коро тарзе ба роҳ монем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем.