ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ БОЯД ЗИРАК БОШАНД!

Левакант: Созандагони ватан  

Имрӯз Санаи 16-уми апрели соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант  баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон”,  бо аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан", хонандагони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №14-и шаҳри Левакант мулоқоти судманд баргузор гардид.

Бо хонандагонро ба риояи ҳатмии қонуни болозикр даъват карда шуд, ҳамзамон зикр карда шуд, ки воқеан дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир зираку ҳушёр будан ва роҳ надодан ба амалҳои зиёдаравию исрофкорӣ ва риояи маъёрҳои Қонун камоли хирадмандист.

Бояд гуфт, ки мо бо наврасону ҷавонони бонангу номуси худ боварӣ дошта, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.