ИДОМАИ АКСИЯИ “ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Дар заминаи  дастуру  супоришҳои  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раван ба кишвари сабз табдил додани он дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ ҳар ҳафта рузи панҷшанбе ба аксияҳои дастаҷамъона баромада дар рафти корҳои ободониву созандаги саҳми бо мароми хешро гузошта истодаанд, ки ин навбат намояндагони кумита аз рафти аксияи тозаги дар ташкилоти ибтидоии “Пойгоҳи вагонҳои боркаши Роҳи оҳани Тоҷикистон” дидан намуданд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имрӯз санаи 28 марти соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳри Левакант аксияи ҳизбӣ зери унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардида истодааст. Дар аксияи мазкур аъзоёни ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан фаъолона ширкат варзида ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегонаи гирду атрофи коргоҳи худ машғул гашта, саҳми худро гузошта истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.