БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГИИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР!”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ:  Дар  асоси  барқияи  телефонии  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизбӣ созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойгоҳи гардиши Лакамативи Роҳи оҳани Тоҷикистон” аксияи тозагӣ таҳти унвони “ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор!” доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи роҳравҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои шоҳроҳ саҳми арзандаи худро гузоштанд.