ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант:  

Левакант Наврӯзи оламафрӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар маросими тантанавию фарҳангии таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Чилазода Қарахон, Раиси шаҳри Левакант – Муминзода Мастура Табарӣ ва фаъолону сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Бо ёдоварӣ аз ваҳдату суботи комил, озодиву соҳибистиқлолӣ, сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз имконият фароҳам омад, ки ҷашни Наврӯз, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, мақоми байналмилалӣ гирад. Имрӯз Наврӯз бо таърихи қадимияш ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун ватани наврӯз эътироф намуданд.

Гуфта шуд, ки бо шарофати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор силсилаиқдоми бунёдкорӣ босуръат идома дошта, аз баракати он шаҳраку деҳот ободу зебо мегарданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Наврӯз аз зинда шудани табиат, оғози соли нави аҷдодӣ ва мавсими кишту кор мужда расонида, сокинони шаҳри Левакант дар радифи тозаву озода, ободу зебо ва сабзазоркунии хонаву кошона, маҳалли зист, шаҳраку деҳот ба истиқболи Наврӯз дастархони идона меороянд, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ташкил намуда, мавсими кишти баҳориро низ бо руҳияи баланду созанда оғоз ва вусъат менамоянд.

Намоиши театрикунонида ва барномаи консертии саршор аз шеъру таронаҳо дар васфи истиқлолу ваҳдат, баҳор ва Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки санъаткорони маъруфи ҷумҳурӣ ва бахши фарҳанги шаҳри Левакант ба тантанаҳои наврӯзӣ шукуҳи идона зам намуд.