ҶАВОНОНУ НАВРАСОН ЗУДБОВАРАНД ВА АЗ ҶИҲАТИ ТАЪСИРРАСОНИИ РУҲИ ОСЕБПАЗИРАНД.

Левакант: Андеша  


Таърих борҳо исбот намудааст, ки ҳаммаи он афроди гумроҳу бадбахт ва ё экстремистон мутаасифона дини мубини Исломро бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои касифонаи хеш ҳамчун яроқу ниқоб истифода бурда барои зудтар ва зиёдтар намудани пайравони хеш бисёртар аз табақаи ҷавонону наврасон, ки зудбоваранд, бо ироа намудани аҳодису оятҳои Қуръони Карим ва дигаргун намудани муҳтавои онҳо насли наврасро гумроҳ ва дар уқубат хиёнаткор ба коми найранги хеш мегардонанд.
Маврид ба зикр аст, масоҷид ҷойи ибодату зикри Парвардигор аст на баҳсу муҳокимаи суханони дунявӣ. Дар бисёр ҳолатҳо ошкор шуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз мақсадҳои динӣ ба масҷидҳои маҳалли рафта ҳангоми маърузаронии амри Маъруф тафаккури мардумро шусту шуй намуда дар зеҳни онҳо бадбиниро бар зиди рукну оинҳои имрӯза, принсипҳои сохти Конститутсионӣ, урфу оддат ва ҳатто фарҳангу ниёгони миллати хеш мекоранд. Ҳоло он, ки дуст доштани Ватани хеш ва ҳифзи марзу буми вай яке аз гушаи имон дорист. Дини Ислом дини пок, сулҳу ваҳдатсаро, ҳамдигарфаҳм ва эҳтиромгари ҳаммаи авомил буда дар ягон ҷойи вай қасдан куштан, инқилоб кардан, мардумро ба зиди давлати амни хеш зид намудан, ифротгарои ва ё тундгарои умуман вуҷуд надорад.
Ман худам тавасути шабакаҳои расонаи дар гузашта дидам, ки ҷавоне дар давлати Сурия бо садои Баланд Аллоҳу Акбар гуфта модари Хешро, ки уро ба чи ранҷҳо таваллуду ба воя расонида буд сар буридааст. Магар дар кадом ояту аҳодисҳои Набавӣ чунин фатво вуҷуд дорад? Дар ҳоли оне, ки ҳатто куштан ва ё озор додани қисме аз ҳайвононту ҳашарот дар дини Ислом гуноҳи вазнин аст. Дар давлати ҳамсояи мо Афғонистон то ба ҳол садҳо гуруҳҳои террористию ифротӣ байни худ ҷангҳои мазҳабӣ карда аз ҳарду ҷониб бо ҳамдигар бо садои калимаи Аллоҳу Акбар гуфта ҳамлаи мусалаҳона мекунанд магар ҳамин аст динори ва ё пайравии Ҳақ?
Ваё дур нарафта ҳамин ҷанги шаҳрвандии хешро мисол меорем, ки аксари ҳамон муҷоҳидин, ки риши дарозу саладор буданд мардуми бегуноҳро тору мор карданд қариб 1,5 сол нисфи давлат дар дасташон буд чи кор кардан? Давлатро ба садсолаҳо ақиб бурданд. Баъд имрӯз аксари мо вобаста ба ин ақибмонию курсаводиямон, ки ранҷи зиндагони мекашем, ба камбизоативу нодориямон дар ҳар маъракаҳо нишаста Давлатро гунаҳкор меҳисобем ҳолон, ки дар баробари Холиқ аз махлуқ ризқу рӯзи талаб кардан ҳам ширк аст.
Ин ва ё миллионҳо омилҳои дигаре пайи ҳам имрӯз моро водор сохтааст, ки барои фирефта нашудани наврасону ноболиғон онҳоро на аз пайравии зоти пок балки аз маконе, ки дар бисёр маврид ба мадраса ва ё нуқтаҳои дастрасии ун афроди нопок мубадал гардида буд яъне он бадбахтон бисёртар масҷидҳоро истифода мебаранд барои ба тартиб овардан ва ё пешгири намудани чунин омилҳо манъ намоем. Мақсади мо мардумро гумроҳу кофар кардан нест, балки онҳоро наҷот додан аз доми афроди аз кофар бадтар аст. Бубинед, ки дар тамоми воситаҳо ва ҳаракатҳои манъгарои ҷавонону наврасон аз пайравии террористону экстремистон вожаи пешгирии онҳо аз таълимоти ғайрирасмии динӣ истифода мебаранд ба ҳамин нуқта хубтар назар кунед “Таълимоти ғайри расмии динӣ” – пас маълум мегардад, ки мақсади асосии давлату ҳукумат ин пешгирии ҷавонону наврасон аз дарси ҳар шахси курсаводу тасодуфи ва ё ифротгаро мебошад. Яъне дар давлати мо имкони таълими расмии динӣ гирифтан имконпазир аст. Лекин мо дониста бошем, ки аз худ кардани дин бо мақсади манфиати дунявӣ ба даст овардан ин ҳам гуноҳи азим аст. Яъне мо бояд бо рафтору кирдори нек, пайравии фарзият ва суннатҳои Набавӣ бо хизматҳои шосита дар ҷамъияту давлату милати хеш, бо тарбияти хуби оилавӣ ба воя расонидани насли хеш, бо аз худ кардани илмҳои манфиятоварандаи дунявӣ ва нақши босазою некарзиш гузоштан дар таърихи ҳастии хеш Ходову Расули уро дуст дорем на бар инқилобу вайрон корӣ на ба иғвоангезию мардумро ба як амалаш, ки шояд пушаймон гардад абади дузахти хондан на ба динро дини тундгаро нишон додан зиндагони кунем. Барои пайравии пайки ҳақ миллиардҳо амалҳои неки дунявӣ аст, ки бо дар амал татбиқ намудани он ҳам дунёи ҳозираат ва ҳам охиратат обод мегардад. Мо набояд, ки зиндагии имрӯзаро барои башар ҳаром ҳисоб кунем охир онро ҳам барои мо ҳамон зоти пок насиб гардонидааст. Мо дар тафакури насли наврас бояд аз худ кардани илмоӯзии навин ва ба роҳи ҳалолу пок дастрас кардани ризқу рӯзиро ҷойгир намоем. Мо бояд ба ояндагонамон фаҳмонем, ки ризқу рӯзи ва беҳбудии вай аз худу у вобастаги дорад на аз ҷониби дигар кас. Ҳар яки мо аз ҷониби Парвардигор бо рафтору кирдор бо амал ва ҳаракатамон соҳиб ризқ мешавем чи дар шакли неъмат бошад ва ё чи дар шакли ҳикмат бошад магар ин ки агар У нахост, қатрае аз оби дунё аз гулуи банда нахоҳад гузашт.
Холматов Бахтовар - аъзои фаъоли ҲХДТ, директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Бахши маорифи шаҳри Левакант .