АКСИЯ ЗЕРИ УНВОНИ “БАРОИ ТОҶИКИСТОНИ ОЗОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!”

Левакант: Созандагони ватан  

ЛЕВАКАНТ:  “ Ҳарчанд  ки   истиқлоли  мо   ҷавон  аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд.

Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад".

Зери ин гуфтаҳо аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант аксияи тарғиботӣ, зери унвони “Барои Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол хизмат мекунем!”, гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба мавзуъҳои аксия тақсим гардида, масъулин ҳадаф аз баргузории аксияро тарғиби сиёсати давлатӣ, даъвати ҷавонон ба донишомӯзӣ, тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву миллатпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, маҳкум намудани амалҳои ифротгароӣ ва номатлуб маънидод намуданд.