САҲМИ БОНУВОН ДАР САМТИ КИШОВАРЗӢ

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ҳама фасли сол дар бархе аз сокинон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода мебаранд. Имрӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз заминҳои корами наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант дидан намуданд. Маълум гашт, сокинони меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант кӯшиш доранд, ки аз замини дар ихтиёрдоштаи худ ду – се ва зиёда аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд. Онҳо ҳар ваҷаб заминро хуб истифода намуда, ба ин васила бозорҳои шаҳр ва  вилоятро бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ таъмин намоянд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ин роҳ даромади оилавии худро таъмин намуда, баҳри пешрафти рӯзгори худ ҳиссаи худро гузоранд.

Зимни боздид аз заминҳои наздиҳавлигӣ як сокини ҷамоати деҳоти мазкур иброз намуд, ки: “Имрӯзҳо мо бо чунин амали худ истеҳcоли маҳсулотро дар ҳама фаслҳои сол ба роҳ мондаем, бозорҳои шаҳру ноҳияҳои наздикро бо маҳсулотҳои тару тоза таъмин карда истодаем. Барои ҳосили хуб ба даст овардан аз тадбирҳои агротехникӣ хуб истифода мебарем.”