“ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ- ИФТИХОРИ МАН”

Левакант:  

 Дар   асоси   қарори   маҷлиси  раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “ Оид ба гузаронидани амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори ман” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  маҷмӯи чорабиниҳоро роҳандозӣ мекунад.

Ҷиҳати ба ҳисобгирии  воқеии аъзоёни ҳизб ва ҷалби аъзоёни пардохткунанда  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шомилкуни ба сафи ҳизб, муқоисакунии варақаҳои бақайдгирии аъзоён ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, тартиби нигоҳдории он дар ин самт бо раисон ва котибони  ташкилотҳои ибтидоӣ кор бурда мешавад.

Тавре мутахассиси шӯъбаи омори  Кумитаи иҷроия мегӯяд, ба ин амалиёт ҳамаи кормандони масъули Кумитаи иҷроия сафарбар шуда, ба ин васила ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии аъзоёни ҳизб, мувофиқати сабти варақаҳои баҳисобгирӣ бо рӯйхати аъзоён, супоридани ҳисоботи оморӣ ва молиявӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ санҷида, барои роҳандозии дурусти он тибқи оиннома ва низомномаҳо тавсия ва маслиҳатҳо дода мешавад.