АКСИЯИ ҲИЗБИИ “НАВРӮЗИ ВАТАН МУБОРАК БОД!”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.
   Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар  шаҳри Левакант аксияи   ҳизбӣ  таҳти   унвони    “Наврӯзи Ватан  муборак  бод!”    баргузор      карда  шуд. Масъулини  кумитаи  иҷроия  Ҷашни  Нарӯзи хуҷастаро, ки бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳони гаштаасту дар дунё онро ҳамҷун фарҳанги миллати тоҷик мешиносанд, кулли сокинони шаҳри Левакантро табрик намуда ба ҳар яки онҳо тандурусиву хушбахтӣ, шодкомиву хонаободӣ таманно намуданд.