Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ қарзи инсонии ҳар фарди ватандор

Левакант: Вокуниш  

ВОКУНИШ: Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳмияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тули ҳазорсолаҳо шабеҳ надорад. Агар насли имрӯзаи даврони истиқлолият моҳият ва мазмуни ин маъноро амиқ дарк намоянд, пас барои ӯ ҳифзи марзу бум ва Истиқлолияти давлатӣ бояд қарзи инсонии ӯ ба ҳисоб меравад.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзишӣ ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремистӣ, сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамояд.

Терроризм бошад дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Аз  ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равона мебошанд. Экстремизм аз вожаи франсузи “extrmisme” ва лотини “extremus” гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштанд, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеалогия, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён оянд.

Махсусан дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоири пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои, ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гӯрӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардидаанд.

       Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусалмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро ба терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муарифи мекунанд, худорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҷомеаро ноором сохта, ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият, якпорчагии кишвар ва нигоҳ доштани ҳокимияти конститутсионӣ талош варзад. Зеро оянди халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Расулов Меҳтоҷалӣ- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант