ХОНИШИ СИЁСӢ: ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ!

Левакант: Созандагони ватан  

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и  ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” деҳоти Истиқлол бо хонандагони синфҳои болои вохӯри доир гардид.

Дар вохӯрӣ тибқи нақша-чорабинҳо мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант-Расулов Меҳтоҷалӣ,  мутахассиси бахши кор бо занон ва оила Эшова Боғигул, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Хидирзода М, сардори ситоди ҲФ ва МГ Холиқов Манучеҳр,  суҳбату вохурӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” деҳаи Истиқлол вобаста ба нақшу мақом ва муҳиммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Левакант сӯҳбат доир гардид.

Зимни вохӯрӣ иштирокдорон роҷеъ ба пос доштани Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Инчунин, мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва маӣбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант-Расулов Меҳтоҷалӣ, дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, риояи ҳатмии одоби шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва амсоли ин масъалаҳои муҳим табодули афкор қарор гирифта, таъкид гардид, ки қонуни мазкур дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар замири ҳар як фарди бонангу ори кишвар заминаи амиқ хоҳад гузошт.