БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ВАХШ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитон дар шаҳри Левакант, якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо сокинони ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” деҳоти Вахш вохӯриҳо тибқи усули “хона ба хона” доир гардид.

Дар вохӯриҳо тибқи усули “хона ба хона”  мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва маӣбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант-Расулов Меҳтоҷалӣ,  мудири бахши кор бо занон ва оила Халилзода Н, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Хидирзода М, сардори ситоди ҲФ ва МГ Холиқов М  суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” тибқи усули “Хона ба хона”  вобаста ба нақшу мақом ва муҳиммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Левакант сӯҳбат доир гардид.