ХОИНОНИ ВАТАН ГУМРОҲИИ ҶАВОНОНРО МЕХОҲАНД!

Левакант: Вокуниш  
 Тоҷикистон кишварест, ки бемайлон рушд мекунад. Албатта ин пешравиҳо ба манфиати душманони миллат ва хосатан ташкилоти террористиву Паймони миллӣ нест ва сад дар сад хилоф аст. Аз ин рӯ ин хоинон бо сафсатагӯйи ва гуфтаҳои беасос ва бебунёд мехоҳанд, ки мардумро ҳамеша дар рӯҳияи ноумедӣ ва тарс нигоҳ дошта бошанд. Ин гурӯҳҳо тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, дигар иқтидор надоранд ва ба мардум таъсире ҳам расонида наметавонанд. Аммо сухан дар он меравад, ки хоҷагонашон ин лӯхтакҳоро дар саҳна бо нақши сиёҳ бозӣ медоранд ва ба манфиати шахсӣ ва гурӯҳии худро тавассути ин гарангону сустиродагон истифода мекунанд. Аксарият бинобар сабаби кам будани вақт ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ фирефта мегарданд ва бештар ҳамин ҳолат сабаби бой додани мустақилияти инсонҳо мегардад. Як сабаби аслии гумроҳ шудани ҷавонон ҳам маҳз ҳамин аст, ки аз саросемагӣ ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ онҳо наметавонанд, мавқеъгирӣ намоянд. Аслан дар ҳолати ноумедӣ қарор доштани инсонҳоро гурӯҳҳои ифротӣ зиёд истифода намуда, дар наздиктарин фурсат инсонро гумроҳ менамоянд.
Саркардагону роҳбарони ТЭТ ҲНИ аз ин раванд истифода намуда, тариқи паҳн намудани ахбори бардурӯғ, овардани далелҳои нодурусту бепоя, танқиди шахсиятҳо ва ворид шудан ба ҳарами шахсӣ ба боварии мардум медароянд ва дигаронро гумроҳ сохт. Чизи дигаре, ки Кабирӣ ва дигар хоинон истифода менамуданд, ин фанатизми динӣ мебошад, ки садҳо ҷавон ба ҳамин роҳ қурбон шуданд. Акнун ҳамаи ин нағмаву формулаҳои Кабирӣ ошкор гардид ва ҷавонон дигар бо дурӯғу афсонаҳояш бовар намекунанд ва ин ба он боис гардид, ки палидони наҳзати бо номи нав худро муаррифӣ созанд.
Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо иваз намудани симои зоҳирии худ яъне, Паймони миллии Тоҷикистон ба мардум чӣ манфиат меоварад? Дар ин маврид даҳҳо саволҳои дигарро метавон пешниҳод сохт аммо, бояд донист, ки дар қафои андешаҳо ва амалҳои пасипардагии Муҳиддин Кабириву Шарофиддин Гадоеву Сайидюнуси Истаравшанӣ ва чанд тан роҳгумзадагони дигар кишварҳои хориҷии манфиатдор ва инсонҳои зархарид истодаанд. Имрӯз мардуми тоҷик лаънат мефиристад ба ҳар амалҳои хиёнаткорона, ватанфурӯшиву дурӯягӣ ва дурӯғу фитнаангезиҳои ин гурӯҳи ҷинояткорону хоинони ватан...
Паймони миллии Тоҷикистон саропо бофтаву сохта ва пайравони гумроҳшудагон буда, дар ноором сохтани Тоҷикистони соҳибистиқлол даст доранд. Барои ин шахсони ватанфуруш, зану фарзанд, волидайн, оила, ҷомеа ва давлату миллат ҳеҷ арзише надорад. Зеро онҳо ҳақиқатро дида наметавонанд ва ҳар сухан барояшон ҳеҷ аст.
Як нишони бесоҳибиву бемантиқии кори Кабириву ҳаммаслакони террористаш ин гумроҳ кардани ҷавонон мебошад. Зеро террорист ҳаргиз ба манфиату халқу давлат кор намекунад.
Акрамшоева Гулшан – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант.