ТОЗАГИВУ ОБОДКОРӢ-ГАРАВИ САЛОМАТӢ!

Левакант: Созандагони ватан  

ЛЕВАКАНТ: Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷроидастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беш аз 30-нафар волонтёрон ва роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳри Левакант, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва кумитаю ташиклотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Левакант  ба ҳашар баромада, дар шоҳроҳи доимӣ, ки дар канори Левакант мавқеъ дорад корҳои тозагию ободонӣ анҷом доданд.

Дар ин ҳашари дастаҷамъона дар баробари ҳашарчиён, низ бароварда шуда, гирду атрофи ва канори шоҳроҳ тоза карда шуд.

Боиси зикр аст, ки ин мавзе шоҳроҳи доимии шаҳрҳои Бохтару Левакант буда, сари ҳар чанд фурсат аз ҷониби ин ду шаҳр гирду атрофи он безарар ва ба тартиб дароварда мешавад.