ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИ ВА ҶАЛБИ ОНҲО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Левакант: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо бо ҷавонон ҷиҳати омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2023-2024, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКСК” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакнат Тоҷиддинов Ориф доир гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакнат Тоҷиддинов Ориф вобаста ба мавзӯҳои мубрами рӯз баромад намуда, ба масъалаи даъват ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳ бештар зоҳир намуданд.

Қайд карда шуд, ки хизмати Ватан- Модар яке аз вазифаҳои муқаддас ва асосии ҳар як ҷавон ва сокини мамлакат ба ҳисоб рафта, ҷавононро зарур аст, ки баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва посдории сулҳу субот дар мамлакат ҳамеша омода бошад. Чунки ояндаи неки ин сарзамин аз ҷавонони донишманду шуҷо вобастагии махсус дорад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар барои таълиму тарбия ва хизмати ҷавонон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ тамоми шароити созгорро муҳаё намудааст.