ФАЙЗУ БАРАКАТИ БАРФ ДИГАР АСТ

Левакант: Созандагони ватан  

ЛЕВАКАНТ: Воқеан ҳам ҳар як фасли сол бо ҳодисаҳову зебогиҳои нотакрораш мақбули ҳар шахс аст. Яке зимистонро бо боридани барфу яхбандиҳояш дӯст медораду дигаре фасли нозанин баҳорро бо сарсабзу зебо гаштани табиат меписандад.

Имрӯз, 19.02.2024, аз ҷониби командон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Левакант, бо мақсади осеб наёфтани дарахтони ороиши ва аз бориши барф шикаста нагаштани шохаҳои онҳо, дар назди бинои маъмурии кумита ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуда, дарахтони ороишии гирду атрофи бино аз барф тоза карда шудаанд.