ЛЕВАКАНТ: АКСИЯИ ТОЗАГИИ ҲИЗБӢ "САҲМИ МАН-ДАР ШАҲРИ МАН"

Левакант: Созандагони ватан  
Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 17- уми феврал бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Волонтёрони назди Кумитаи иҷроия, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" бо мақсади ободу зебо, тоза ва озода нигоҳ доштани гирду атрофи дарахтон аз сангу шағал дар кучаҳои шаҳри Левакант аксияи тозагиву ободони ҳизбӣ таҳти унвони "Саҳми ман-дар шаҳри ман" баргузор карда шуд. Аксияи мазкур бо мақсади саҳми арзанда гузоштан ба ободиву тозагии шаҳр ва муҳити атроф доир гардида, дар рафти он ҷавонон кӯчаву хиёбонҳоро аз ҳар гуна ашёҳои нолозим тоза намуданд. Тавре маълум аст, ободу зебо сохтани ҳар гӯшаи диёр ва сарсабз намудани хонаву коргоҳ тадбирҳое мебошанд, ки аз шаҳрвандон масъулияти баланд ва ватандӯстии амиқ талаб менамоянд.