ЛЕВАКАНТ: ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Левакант: Созандагони ватан  
"Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ, ватанпарварӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан аст. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад. "
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯз 16-уми феврал, дар толори муассисаи таълимии миёнаи умумии №15-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо талабагони синфҳои болоӣ мулоқот дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона” бо иштироки муовини раисии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Тоҷиддинов Ориф ва намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Левакант-лейтинанти хурд Воҳидзода Ҷумахон, доир гардид.
Муовини раиси Кумитаи ироияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар оғоз қайд намуданд, ки тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун ташаккули тадриҷӣ ва устувории муҳаббати хонандагон ба Ватан фаҳмида мешавад, ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта мебошад. Тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳими мактаби муосир будаву ҳаст, зеро ба хонандагон ва ҷавонон давраи пурмаҳсул барои тарбияи муҳаббат ба Ватан эҳсос карда мешавад. Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун дар мамлакати мо бештар аз сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстӣ вобаста аст. Тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муосир ин раванди ҳадафмандона, аз ҷиҳати маънавӣ муайяншудаи тарбияи насли наврас барои фаъолият ва ҳамкорӣ дар ҷомеаи демократӣ, фаъолияти меҳнатии ташаббускор, иштирок дар идоракунии корҳои арзишманд, амалӣ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва баланд бардоштани масъулият барои сиёсиву ахлоқӣ мебошад. Имрӯз ҷавонон дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун неруи бузурги зеҳнию ҷисмонӣ ва бунёдкору созанда эътироф гардидаанд. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумати мамлакат ҳалли масъалаву мушкилоти ҳаёти наврасону ҷавононро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии хеш мешуморад.
Барои худшиносию ҳувияти миллиро пайдо намудан мо ҷавонон ва насли наврас бояд ба таърихи ниёгони худ назар афканем, аз таҷрибаи бою ғании аҷдодони гузаштаи худ истифода барем. Ба олимону бузургон ва сиёсатмадорони гузаштаи худ пайравӣ кунем. Доимо ҳушёру зирак бошем, вақти худро беҳуда сарф накунем, барои аз худ намудани ҳунару касбҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, забонҳои гуногунро омӯзем, барои таълиму тарбияи худ масъулиятнок бошем, ба Ватану миллати худ хизмат намуданро аз хотир набарорем.
Сипас намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Левакант-лейтинанти хурд Воҳидзода Ҷумахон ба сухан баромада қайд намуданд, ки имрӯзҳо яке аз мушкилоте, ки боиси нигарони шудааст ин тарғиби фарҳанги бегона аз ҷониби ҷаонон мебошад. Чӣ тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд. Имрӯзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мӯди хориҷӣ барои мо носозгор рафта, либосҳое ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро коста мекунад. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.
Яке аз рукнҳои ҳуввияти миллӣ агар забон бошад, рукни дигараш либос ба ҳисоб меравад. Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем.
Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.