ЛЕВАКАНТ ВАҲДАТ РАМЗИ ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!

Левакант: Вокуниш  

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки ваҳдату якдилӣ рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

    Барои ҳар яки мо боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи бадастоваровардаи мо дар тамоми ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир дар раванди ҳалли низоъҳои дохилӣ пазируфта шуда, аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон мавриди эътирофу омӯзиш қарор гирифтааст. Лозим ба ёдоварист, ки асоси ин модели сулҳофариро таҳаммулпазирӣ, созиш ва гузашт карданҳо ташкил медиҳанд, ки дар заминаи тафаккуру хирад ва фарҳанги волои сиёсии мардуми тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

    Моҳи декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари тозаинтихоби давлати дар вартаи ҷангу хунрезӣ дармонда дар суҳбат бо намояндагони васоити ахбори омма гуфта буда “....то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ наметавонем”. Ин сиёсатмадори ҷавон дар як муддати кутоҳ маҳбуби дили ҷумла мардуми тоҷик гардид ва баҳри сарҷамъ сохтани миллати парешон саъю талош мекард.

        Силоҳ ба замин гузоштани ҷонибҳои даргир, сари мизи гуфтушунид нишастани онҳо, расидан ба рӯзи Ваҳдат, баргаштани гурезаҳои иҷборӣ аз сарзаминҳои бегона, баланд гардидани обруву нуфузи Тоҷикитсон дар арсаи байналмиллалӣ ва ба марҳилаи нави таърихӣ-давраи пешратфту тараққиёти бо суръат ворид гардидани ватани мо бо номи Пешвои муаззами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Расидан ба чунин рӯзҳои фирӯзу фараҳбор маҳбубияти ӯро дар миёни халқ бештар гардонида, дар роҳи такмили ғояҳо ва рушди давлатдории миллӣ маҳз бо талошу фидокориҳо ва дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат ба пеш рафта истодаанд.

     Аз ин рӯ ба таърих ва сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмист ба он хотир, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳраки чашм эҳтиёт намоянд.

Одинаева Мукаррама- вакили халқии вакилони шаҳри Левакант аз ҳавзаи интихоботии №33