БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“Рисолати мо, ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба истиқболи мардум равем, сухани онҳоро шунавем ва масъалаву мушкилоти мавҷударо дар доираи имкониятҳоямон ҳаллу фасл намоем. Яъне мо бояд бо ғояҳои созандаву ободгаронаи худ ба дили мардум роҳ ёбем ва нуфуз пайдо кунем”.  Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасони синни мак16-18 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, ки тибқи нақшаи муштарак байни сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар муассисаи таълимии № 8-и шаҳри Левакант бо иштироки омӯзгорони фаъол “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ”, “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон”, “Таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ” ва “Даъват ба хизмати ҳарбӣ” гузаронида шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант