Дар рӯзи даъватшаванда 36 нафар бо хоҳиш ба хизмати Ватан – Модар рафтанд

Ховалинг:  

Рӯзи даъватшавандагон дар таърихи 1 октябри соли 2022 дар ноҳияи Ховалинг дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронида шуд. Дар ин рӯз 36 нафар ҷавонон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда буданд, ба хизмати Ватан – Модар (дар аксҳо)  сафарбар карда шуданд.

          Ба муносибати гусели наваскарон дар майдони марказии ноҳия чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор карда шуд, ки дар он ҳизбиёни ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

         Боиси қайд аст, ки даъватшавандагон ва падару модари онҳо хизмат дар сафҳои  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи муқаддас ва ҳатмӣ дониста, таъкид бар он доштанд, ки хизмати аскариро сарбаландона ба ҷо оранд.