“ТОҶИКОН” ва “ШОҲНОМА” муаррифгарони таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷиканд

Ховалинг: Андеша  

Бузургонро бузургон зинда медоранд гуфтани шоирон беҳуда нест. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии хешро эълон намуд ва дар харитаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ҷой гирифт. Аммо, ҳангоми ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Халқи тоҷик даҳ соли аввали  давраи соҳибистиқлолиро хеле ҳассосу ноором паси сар намуданд. Давлат дар ҳоли нестшавӣ қарор дошту миллат дар ҳоли парокандагӣ. Дар ин вазъият қаҳрамонмарде аз миёни халқ бархосту зимоми давлатдориро ба души худ гирифт. Ӯ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Худованд ӯро барои миллату давлати тоҷик ҳадя кард. Давлату миллатро аз вартаи фалокат раҳонид. Ҳамин тариқ, тули  сивучор сол аст, ки Тоҷикистони  азиз бо заҳмату хиради волои халқаш  таҳти сарварии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу зебо гашта истодааст.

Бояд хотиррасон бошем, ки сарзамини Тоҷикистони имрӯза таъриху фарҳанг ва маданияти бузургу қадима дошта, осорҳои хаттӣ, санъату меъморӣ, шаҳрсозӣ, ақидаҳои илмӣ ва анъанаҳои иҷтимоӣ далели ин гуфтаҳост. Ин сарзамин диёри мардони донишманду соҳибмаърифат, шуҷоъ, баору нанг ва ватандӯсту меҳанпараст буд, ҳаст ва хоҳад монд. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки таъриху фарҳанги миллати хешро омӯзад ва барои инсони соҳибмаърифат омӯхтани таъриху фарҳанги миллат фарз аст. Мо миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг ҳастем ва бояд донем, ки барои  омӯхтани таъриху фарҳанг адабиёти илмиву таърихӣ зарур аст, ки дар он аз рӯзу рӯзгори он миллат нигошта шуда бошад. Мо, ки аз қадимулайём миллати китобдору китобхон будем, ин рисолатро бузургони миллатамон бо санъату маҳорати баланди ватандӯстӣ эҷод намудаанд.

Пешвои миллатамон иброз намудааст, ки: Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро  меомӯзем ва онро ҳамчун асоси  вояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров–китоби “ТОҶИКОН”-ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намояд. Ин ташаббуси беназири Пешвои маърифатпарвари кишвар халқи тоҷикро ба омӯхтану аз худ кардани таърихи хеш водор сохт. Ва имрӯз ҳар як оилаи тоҷик соҳиби шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров аст. Тавассути ин китоб ҳар як фарди тоҷик метавонад аз таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди мо бохабар гардад.

Ҳамчунин, дар ин раванд дар назар аст, ки “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ низ чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар расонида мешавад. Мардуми кишвар метавонанд, тариқи мутолиаи “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, аз корнамоиҳову шуҷоати гузаштагони миллати тоҷик баҳравар гардида, баҳри ҳифзи марзу бум ва хоки меҳани азизамон таҷриба омӯзанд. Шӯрои сайёре, ки чанде пеш дар ноҳияи Данғара бо иштироки коршиносону масъулини илму адаб, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид, ин мавзӯро таҷассум намуд ва иштирокчиён перомуни мазмуну муҳтавои асари безаволи ҳаким Фирдавсӣ ба таври мухтасар ҳарф заданд. 

Бояд ҳамагон воқиф гардем, ки “Шоҳнома”-безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дорои маънии баланд буда, шоир 30-соли ҳаёти худро сарфи он намудааст. Иқдоми навини ватандӯстонаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадяи “Шоҳнома”-и безаволи ҳаикм Фирдавсӣ ба ҳар як хонадони тоҷик падидаи нави дурахшон дар ҳаёти маънавии сокинони мамлакат гардид.

Агар миллати тоҷик таърихи худро аз шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров, китоби  “Тоҷикон” омӯзад, фарҳангу тамаддуни шеъру суханро аз “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дармеёбанд. Зеро ҷавҳари асосии “Шоҳнома”-ро ватану ватандорӣ, арҷгузорӣ ба миллату давлат, арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддун ташкил медиҳад. Пешниҳоди ин асар дар ҳисси ватандӯстии мо миллати тоҷик нақши басо калон хоҳад бозид.

Пас месазад, ки имрӯз дар қатори калонсолон насли наврасро низ раҳнамун созем, то пайи омӯзиши асарҳои мазкур гардида, аз таъриху фарҳанги миллат, ҷоннисориҳову шуҷоатмандии бузургонамон бохабар бошанд.

Асадуллозода В.Д Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.