Маҷлиси ҷамъбасти дар ташкилоти ибтидоии «Мадади Сино»

Ховалинг:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мадади Сино» маҷлиси ҷамъбасти семоҳа баргузор гардид. Дар кори маҷлис ба ғайр аз омӯзгорону донишҷӯён-аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони кумитаи иҷроия Шарифҷон Набиев ширкат дошт.

Маҷлис аз рӯи ду масъала: ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ҳаракати аъзоёни ҳизб, яъне қабули ҷавонони содиқу ватандӯст ба сафи ҲХДТ кори худро оғоз намуд. Баъд аз баромад ва музокираҳо маҷлис аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида, қарорҳои дахлдор қабул намуд.