Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дараи Мухтор” маҷлиси ҳисоботӣ –интихоботии худро доир намуд.

Ховалинг:  

Рӯзи 29 июни соли 2022 ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дараи Мухтор” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии худро (дар аксҳо) доир намуд. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Худоидод Рабиев баромад намуда, дар бораи фаъолияти ташкилот дар давраи муайянгардида ҳисобот дод.

Аз рӯи баромад чанде аз аъзоёни ташкилот ба музокира баромада, фаъолияти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд. 

Дар маҷлис нақшаи кории ташкилот барои нимсолаи дуюми сол тасдиқ ва раиси ташкилот ва вакилон ба конференсияи ноҳиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ интихоб карда шуданд.

Рабиев Худоидод аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.

Дар баромад қайд гардид, ки фаъолияти аъзоёни ташкилот дар давраи ҳисоботӣ чашмрас буд. Онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамуданд. Бо қувваи онҳо дар  давраи ниҳолшинонӣ 300 бех ниҳол ва 120 дона гулҳои ороишӣ шинонида шуд.

Аъзоёни ташкилот ба оилаҳои ниёзманд пайваста ғамхорӣ зоҳир менамуданд. Аёдати беморон мунтазам ба роҳ монда шуда буд. Саҳми аъзоёни ташкилот дар ороиши роҳи байни деҳа низ калон аст.