Замин бойгарии мост ва онро самаранок бояд истифода бурд

Ховалинг:  

Замин рӯзирасони аҳолӣ аст.  Мардум ризқу рӯзии худро аз замин пайдо менамоянд.

Натиҷа ҳамин аст, ки сокинони ноҳияи Ховалинг-аъзоён ва ҷнибдорони ҲХДТ аз ҳар як рӯзи мусоиди офтобӣ истифода намуда, қитъаҳои замини дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода мебаранд.

Онҳо дар замин сабзавотҳо, аз қабили пиёз, картошка, лубиёгиҳо, памидору бодиринг, навъҳои гуногуни кабудӣ, полезиҳо ва ғайраро кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Ҳосили бадастовардаро сокинон барои таъмини амнияти озуқаи аҳли оила истифода намуда, боқимондаи онро ба фурӯш мебароранд.