Иқдоми бузургу башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёти садҳо миллион сокинони сайёра беҳбудӣ мебахшад

Ховалинг: Андеша  

Бе об ҳаёт вуҷуд надорад. Мутаассифона, бархе аз одамон дидаю дониста ба дарёҳо партовҳояшонро рехта, обҳоро ифлос мекунанд. Обро бесарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки бисёр нодуруст аст. Магар намебинем, ки дар дунё чӣ қадар инсонҳо аз беобӣ талаф меёбанд? Об захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об алоқаманд аст. Обу ободӣ, мегӯянд дар урфият. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ қарор дорад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд.

 Тибқи маълумот, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одам ба оби тозаи нӯшокӣ ва 2,5 миллиард нафар ба шароити беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, 1,3 миллиард нафар бо неруи барқ таъмин нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи аҳолӣ дар сайёра пайваста зиёд шуда, талабот ба истеъмоли об ва неруи барқ меафзояд. Ғайр аз ин дар ҷаҳони имрӯза таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ рӯз то рӯз афзун гардида, хатару ситезаҳои нав, ба монанди амнияти озуқаворӣ, тағирёбии иқлим, вазъи экологии ҷаҳонро ба миён меорад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва ҳаллу фасли чунин масоил бе талошҳои дастаҷамъӣ дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз таъсири чунин хатарҳои глобалӣ дар канор монда наметавонад.  Яъне барои бартараф намудани чунин вазъиятҳои ногувор Пешвои миллати мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро канор нагирифта, ташаббусҳои  башардӯстона нишон додааст. Яке аз ин ташаббусҳо  бо иқдому пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   қабул гардидани Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 мебошад. Худи ҳамин масъала иқдоми бузургу башардӯстонае аст, ки дар амал татбиқ шудани он ба ҳаёти садҳо миллион сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор баланд мебардорад.  Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар он захираҳои калони об мавҷуд буда, дар кӯҳҳои осмонбӯсаш, ки ганҷинаи табиии оби тоза маҳсуб меёбанд, захираи пиряхҳо низ зиёданд, ки онҳо яке аз афзалиятҳои миллӣ маҳсуб меёбанд ва давлати мо ҳамеша ҷонибдори истифодаи самараноки онҳо мебошад. Вобаста ба ин, моро мебояд, ки обро самаранок истифода намоем, онро ифлос насозем, ба худ ва наздикони худ, инчунин, ба аҳли башар зарар нарасонем. Фарҳанги баланди истифодаи неъматҳоеро, ки Худованд барои мо офаридааст, бидонем ва ба онҳо носипосӣ накунем.

Шарифҷон Набиев - мудири шуъбаи ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг