Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг баргузор гардид

Ховалинг:  

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг баргузор гардид. Дар кори маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг асадуллозода Ватани Давлатхуҷа, аъзоёни раёсат ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат доштанд. Ҳамчунин дар кори маҷис раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амурдин ширкат дошт. Рӯзномаи маҷлис аз 4 масъала:

1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда;\

2. Ҷараёни амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷили 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ;

3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;     

4. Масъалаҳои ҷорӣ, иборат буданд.

Оид ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Асадуллозода Ватани Давлатхуҷа баромад намуда, вобаста ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар се моҳи аввали соли 2024 ҳисобот дод.  

Ӯ зимни баромади худ қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг фаъолияти худро дар асоси Оиннома, Барнома, қарорҳои Анҷумани XIII ҳизб ва дастуру супоришхои роҳбарияти болоии ҳизб ба роҳ монда дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Як нуқта мавриди зикр аст, ки дар баробари чорабиниҳои нақшавӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг инчунин дар ҳамаи чорабиниҳое, ки дар ноҳияи Ховалинг баргузор мегарданд, иштироки фаъол дошта, дар ҳамаи онҳо саҳми арзандаи худро мегузорад.

Дар ин самт метавон аз чорабиниҳои зерин ном бурд, 23 –юми феврал Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модарон 8-уми март ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  корҳои ободонии ноҳия бахшида ба ҷашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар ҷашну чорабиниҳо.

Нисбати масъалаи 2-юми рузномаи маҷлис, Ҷараёни амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Об” Хайруллозода Фирдавс баромад карда, оиди ҲХДТ, ки ҳизби созандаву бунёдкор, ҳизбӣ ташабускору навовар, ҳизбӣ авангард, ҳизбе, ки ҳамеша барои халқ хизмат намуда барои пешрафти давлат ва шаҳрвандони худ барои зина ба зина боло рафтани зиндагии мардум хизматҳои арзанда дорад маълумоти бештар доданд.

Масъалаи сеюми рӯзномаи маҷис низ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар маҷис раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин амурдин низ суханронӣ инамуда,, бобати таъсис, фаъолият ва ташаббусҳои ҳизби созандаву бунёдкор ва хизматҳои шоистаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад.