Ҳифзи Ватан вазифаи мо ҷавонон аст

Ховалинг:  

Хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии №3  дар соати дарсии навбатӣ  дар мавзӯи «Ҳифзи Ватан вазифаи мо ҷавонон аст» суҳбат гузарониданд.

Дар ин соати дарсӣ хонандагон аз таърихи давлатдории миллати тоҷик бохабар гардида, ба корнамоиву шуҷоати далеронаву ҷасурии родмардони миллати тоҷик ошно гардиданд.

Натиҷа ҳамин буд, ки меҳри ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар қалби ҷавонон бедор гардида, тасмим гирифтанд, ки баҳри ҳифзу нигоҳдории ҳар як каф хоки Ватан ва марзу буми кишвар сарбаландона хизмати ҳарбиро адо менамоянд.