Нафаре, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст

Ховалинг: Вокуниш  

Ҳамаи мо бояд дарк намоем, ки терроризм ва экстремизм нуқтае маҳсуб меёбанд, ки  идеалогияи онҳо аз ҳама бар зидди идеалогияи миллии мо буда, муқобили Истиқлолияти давлатии мо ва оромиву осоиштагии халқ равона карда шудааст. Саркардагону роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом, ки баъдан ташкилоти экстремистию террористӣ эълон гардид, ин амали номатлубро солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимияти навини Ватани азизамон роҳандозӣ ва истифода намуда буданд.

Дар он давра онҳо бо найрангу бозиҳои худ дар кишвари мо алангаи оташи ҷанги шаҳрвандиро авҷ гиронда, қисмати зиёди ҷавонон ва соҳибилмони моро нобуд сохтанд.

Вақтҳои охир низ ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату Ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.

Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дар воқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Терроризм ҳамчун ҷинояти характери байналмилалӣ дошта сарҳад надорад. Худи террорист бошад ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ғайр аз ин чӣ тавре ки Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаднок қайд намудаанд: «Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад».

Дар қатори дигар динҳо дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.

Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди кишвар, фаъолони ҷомеа ва масъулин, ҳамзамон омӯзгорону падару модарон бояд нисбат ба амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротӣ бетарафӣ зоҳир накарда, ҳама рафтору кирдори фарзандонро таҳти назорат бигиранд. Зеро вақтҳои охир ҷавонони мо бештар тариқи шабакаҳои интернетӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил гардида, бегонапарастиву фарҳанги бегонаро тарғибу ташвиқ месозанд, ки ин ба нооромии амнияту осоиштагии мо оварда мерасонад.

Шарифҷон Набиев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.