Хизмати ҳарбӣ-ин ҷавонмардона бархостан ба ҳимояи модари худ, ватани худ ва амнияти давлати худамон аст

Ховалинг: Андеша  

Тоҷикистони азизи мо дар қатори давлатҳои некбунёди ҷаҳони муосир сиёсати неку башардӯстонаи худро пеш мебарад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Сиёсати «дарҳои боз»-и  дӯстиву ҳамҷаворӣ бо халқҳои оламро фаро гирифта, маҳбубияти миллати мо ва сарзамини моро дар арсаи ҷаҳонӣ афзун сохтааст. Ва ин ҳама рӯзгори осоиштаву амнияти солими халқи мо ҳосили ҳамин сиёсати башардӯстонаву хайрхоҳонаи мамлакати мост. Ва хӯшбахтона, дар радифи ин ҳама созандагиҳо мо имрӯз Артиши тавонои миллии худро дорем. Артиши дилпур, артиши аз ҳама ҷиҳат ҷиҳозонида ва омода, ки дар қатори артишҳои дигар давлатҳои тавонони сайёра борҳо дар машқҳои ҳарбӣ сарбаландона иштирок кардаву аз имтиҳонҳо гузаштааст ва ин мояи ифтихору сарбаландии мо аст.

Вақте, ки сухан аз ватандорӣ меравад, худ аз худ дар қатори истилоҳи ватандӯстӣ вожаҳои далерӣ, шуҷоат ва ҷавонмардӣ ба забон меоянд, зеро маҳз ҳамин мафҳумҳо, тарбият дар ҳамин руҳия метавонад кафолати пирӯзиҳои мо дар ҷодаи соҳибватанӣ бошанд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон мавсимип даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳимояи марзу буми кишвар идома дорад. Ҳангоме, ки сухан аз ҳимояи Ватан ва ҷасуриву мардонагӣ меравад, моро зарур аст, ки нангу номуси ватандориро пешаи худ намуда, аз рӯи тарбия ва сабақи гирифтаи падарону бузургони хеш суннати ватандӯстии онҳоро фаромӯш насозем ва бо хизмати софдилонаву содиқонаи худ нишон диҳем, ки мо фарзандони азизи Тоҷикистон ҳастем. Чуноне, ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки ҳеҷ каси дигар наметавонад пуштибони мо бошад, ҳеҷ каси дигаре Ватани моро обод намекунад, ҳаргиз бояд ба умеди дигарон нашуда, домани шарафу номуси миллати худро қавитар бидорем. Танҳо ягонагӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаровардан аз як гиребон метавонад кафили пойдории халқу давлати мо бошад, албатта дар радифи Қувваҳои Мусаллаҳи тавонои миллӣ бо рӯҳияи қавии ватандӯстона.

Мардуми тоҷик ҳамеша аз садоқату шарафмандии фарзандони шуҷоъ ва ҷавонмардони наҷибаш ифтихор мекунад. Мо аминем, ки ҷавонписарони шуҷоъу ватандӯсти мо, фарзандони  шоистаи миллати некноми худ ҳастанд ва аллакай дарк намудаанд, ки имрӯз барои дифои марзу буми муқаддаси давлати соҳибистиқоли худ ҷоннисорона омода мебошанд.

Имрӯзҳо зиёд гардидани сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ далели гуфтаҳои болост.дар рӯзи авали даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо пурра иҷро гардидани нақшаи даъват аз он гувоҳи медиҳад, ки ҷавонони мо  ватандӯстиву хизмати ҳарбиро қарзи ҷавонмардии худ меҳисобанд.

Хизмат ба Ватан ба ғайр аз қарзи фарзандӣ будан шарафу номӯси ҳар ҷавон аст. Ғайр аз инАртиши миллӣ мактабе мебошад, ки баъди хатми он ҳар як ҷавонписар худро солиму ҷавонмард, соҳибиродаву чолок ва ба ҳама ҳаводиси рӯзгор омода ҳис мекунад. Мактабе мебошад, ки наҷибтарин хислатҳоро дар фарзандони мо тарбият мекунад, ки ин хислатҳо аз далерӣ, шуҷоат, мардонагӣ, ҷасурӣ ва ғайраҳо иборат мебошанд.

Артиши миллӣ мактабе ҳаст, ки на фақат пайкару  ҷисм, балки руҳия ва нангу номӯси ватандӯстии моро низ тақвият мебахшад. Ҳар як ҷавон пас аз адои Хизмати ҳарбӣ дилпуртару тавонотар ва мустаҳкамтару солимтар дар ҷодаҳои ҳастӣ қадам мегузорад ва аз ҳама муҳим соҳиби ирода ва руҳияи қавии инсонӣ мегардад.

Набояд фаромӯш созем, ки Хизмати ҳарбӣ-ин ҷавонмардона бархостан ба ҳимояи модари худ, ватани худ, амнияти давлати худамон аст, ки бе он осоиштагӣ дар Ватан вуҷуд дошта наметавонад.

Асадуллозода В. Д.,-Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.