Соати дарсии омодагии дифои ҳарбӣ дар МТМУ №2

Ховалинг:  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 дарси омодагии дифои ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин соати дарсӣ директори муассиса Тоҳир Аламов, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Бобоҷон Зоиров ва директори мактаби ронандагӣ Шариф .. ширкат доштанд.

Директори мактаби ронандагӣ дар ин соати дарсӣ хонандагонро бо яроқи оташфишон ва қисмҳои он шинос карда, тарзи истифодабарӣ ва  ҷудо кардан ва ҷамъ намудани қисмҳои онро омӯзонд.

Дар рафти соати дарсӣ хонандагон пайи ҳам қисмҳои яроқи оташфишонро ҷудо намуда, аз сари нав ҷамъ карданд, ки ин дар зеҳни ҳар як хонанда ҷой гирифт. Ҳамчунин тарзи истифодабарии яроқи оташфишонро дар ин саоти дарсӣ аз худ карданд.