Асадуллозода Ватани Давлатхуҷа бо сокинони деҳаи Хуҷахалил суҳбат орост

Ховалинг:  

Дар деҳаи Хуҷахалили Ҷамоти деҳоти Лоҳутӣ вохӯрии раиси ноҳия бо аҳли сокинони деҳа баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ дар қатори дигар масъулин Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Асадуллозода Ватани Давлатхуҷа иштирок ва суханронӣ намуд.

Асадуллозода Ватани Давлатхуҷа зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои имрӯзаи кишвар, ташаббусу пешниҳод ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати рушду тараққии кишвар, амну осоиштагӣ ва зиндагии осоиштаи мардум ҳарф зад. Ҳамчунин, аз шарҳу муҳтавои суханрониҳои Сарвари давлат, ки бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва Ходимони дин дар Кохи Ваҳдат баргузор гардида буд, суханронӣ кард.

Оид ба кабудизоркунӣ ва шинонидани ниҳолу дарахтони сояафкану мевадиҳанда низ миёни сокинон ҳарф заданд.

Ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мавзуъҳое, буд, ки дар вохӯрӣ мавриди шарҳ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ Асадуллозода Ватани Давлатхуҷа оид ба хизматҳо ва ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бобати таъмини оромиву осоиштагӣ ва зиндагии шоистаи мардум, ки ҳизби созандаву бунёдкор аст ба таври муфассал суханронӣ намуд.